Даври аввали донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии раёсати донишгоҳ ба таваҷҷуҳи донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорон мерасонад, ки моҳи феврали соли 2023 даври аввали донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”-ро баргузор менамояд.

Даври факултетии озмун аз санаи 3-юм то 15- уми феврал гузаронида шуда, ғолибони он дар марҳилаи донишгоҳӣ иштирок карда метавонанд.

Озмуни мазкур бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 7 июли соли 2022, № АП-227) бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ифтихори 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Тибқи низомномаи озмун дар ду гуруҳи он донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорон иштирок карда метавонанд:

- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр)

- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳо соҳавӣ);

Даври донишгоҳии озмун дар толори калони раёсати донишгоҳ гузаронида мешавад ва ғолибони даври донишгоҳӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо диплом ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.

Ҳамчунин волидайни ғолибон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар он таҳсил кардаанд бо раҳматнома ва сипоснома мукофотонида мешаванд.

Телефон барои тамос: 93-171-00-02

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ