​Дастури Пешвои миллат – сармашқи фаъолияти устодон

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласа ва ҳамоишҳо ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар факултети филолгияи тоҷик ҷаласа баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо иштирок намуданд. Декани факултет профессор Замира Ӯлмасзода аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат ба илму маориф сухан намуд.

Зикр гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маънидод намуда, зикр доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Дар ҷаласа қайд шуд, ки раванди омода сохтани кадрҳои илмӣ дар кафедраҳои факултети филологияи тоҷик хуб ба роҳ монда шудааст. Давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби унвонҷӯёну устодони факултет 4 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа изҳори умед гардид, ки аҳли факултет дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, минбаъд низ баҳри таҳкими фаъолияти илмӣ ва расидан ба натиҷаҳои назаррас тамоми дониш ва маҳорати худро равона мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ