​Дастовардҳои устодон афзоиш меёбанд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сафи устодони соҳибунвон торафт афзоиш дорад.

Феълан дар донишгоҳ 904 нафар омӯзгор, аз ҷумла 53 нафар доктори илм, профессор, 413 нафар номзади илм, дотсент, 437 нафар сармуаллим ва муаллим фаъолият менамоянд, ки 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Танҳо давоми соли 2023 дар донишгоҳ 38 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расидааст. Нисбат ба як сол қабл - соли 2022 ин нишондиҳанда 16 адад зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 дар донишгоҳ рисолаи докторӣ аз ҷониби 2 нафар устодон ҳимоя шудааст.

Маврид ба таъкид аст, ки феълан имкониятҳои илмиву зеҳнии донишгоҳ нерӯманд буда, ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ тамоми шароит ва имтиёзҳои судманд фароҳам аст.

Устодони донишгоҳ ҷиҳати расидан ба дастовардҳои назаррас мунтазам бо унвон, мукофот ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд. Аз ҷумла, давоми соли 2023 7 нафар устодон бо мукофоти давлатии медали “Хидмати шоиста”, 22 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтирхономаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар бо Медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва 26 нафар бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, 1 нафар бо Ҷоизаи байналмилалии Марк Твен аз Иттиҳодияи нависандагони Амрикои Шимолӣ, 4 нафар бо нишони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Сухан” қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ