​Дастовардҳои тоза дар донишгоҳ: аз "Донишҷӯи сол" то «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят»

Дар вилояти Суғд озмуни "Донишҷӯи сол" ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносӣ доир гардида, ғолибон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мукофоти пулӣ қадр шуданд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмунҳои мазкур як қатор мақоми намоёнро соҳиб гардид.

Дар озмуни «Донишҷӯи сол – 2022» аз рӯи фанҳои дақиқ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят Дилноза Рашидова - донишҷўи курси 3-юми факултети математика бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ Маликабону Рӯзиматова – донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадр гардиданд.

Чор мақоми намоён дар озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” низ сазовори муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид. Аз ҷумла, Дилоромхон Муротова – докторанти соли 2-юми факултети биология ва химия ҷиҳати ихтирои «Тарзи ҳосил кардани коагулянт аз гили коалин барои тоза кардани оби ифлосшуда» бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ сарфароз гардида, донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ - Ҷамшед Назаров дар бахши модел ва конструксияҳо ҷиҳати ихтирои «Ҳавопаймои бесарнишин» бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ, дар бахши маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ Абдураззоқ Негматов ҷиҳати ихтирои «Замимаи мобилии «Равона» бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва Нуруллохон Олимов ҷиҳати ихтирои «Замимаи мобилии «Алифбо» бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ