​ДАСТОВАРДҲОИ НАВИ УСТОДОН ДАР СОҲАИ ИЛМ

Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ба устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд баргузор гардид.

Ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро оғоз намуда, устодонро бо ин дастоварди илмӣ аз номи худ ва роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ пайваста рушд карда, барои олимону муҳаққиқон ҷиҳати анҷом додани корҳои илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.


Сипас ба 16 нафар устодони донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо дипломи дараҷаи номзади илм ва доктори илм, инчунин шаҳодатномаи унвони илмии дотсент, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастрас гардида буд, аз ҷониби ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин супорида шуд.

Дар қатори дигар устодони муассисаҳои таълимӣ 7 нафар устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби унвон ва дараҷаҳои илмӣ гаштанд. Аз ҷумла ба Мирзозода Садриддин ва Раҷабзода Саодат дипломи доктори илм, ба Зоҳидова Дилбар ва Абдуллозода Адиба шаҳодатномаи унвони илмии дотсент, ба Назарзода Нигина, Раҳимзода Фируза ва Қобилова Шафоат дипломи дараҷаи номзади илм тақдим гардид.

Инчунин, Шокирзода Шӯҳрат устоди ДБС-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо дипломи доктори илм, Абдуллозода Машҳура устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дипломи номзади илм, Бурҳонов Саидориф устоди ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи номзади илм, Довудзода Гулшан ва Аминҷонова Муҳиба устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо шаҳодатномаи дотсент, устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳайитбоева Наргиза бо дипломи баробарарзишии доктори илм, Умарова Саодатхон ва Ҳусейнова Шаҳнура бо шаҳодатномаи дотсент ва Раҳимӣ Шаҳноза бо дипломи номзади илм сарфароз гардиданд.

Дар охир устодон миннатдории худро барои дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳор намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ