Дастовардҳои Истиқлолият омили ҳадафҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Сӣ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст. 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [даъвати дувоздаҳум] Изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Воқеан, маҳз истиқлолияти миллӣ ба халқи тоҷик имкон дод, ки роҳи минбаъдаи худро мувофиқиманфиату иродаи худ баҳри бунёди давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ интихоб намояд.

Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ [1992-1997] кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Баҳри баркарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [даъвати дувоздаҳум] баргузор гардид. Шўрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Як зумра қонуну қарорҳои қабулкардаи Иҷлосия барои ба эътидол овардани вазъи кишвар нигаронида шуда буданд.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш роҳбарияти нави мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар баробари кўшишҳо баҳри хомўш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардан ва навсозии сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ оғоз намуд. Аз соли 1994 ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шурўъ шуд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Мухимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, дар кўтоҳтарин муддат хомўш сохтани оташи ҷанги хонумонсўзи дохилӣ дар кишвар мебошад. Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад, ки аз рўзҳои аввали сарвари давлат интихоб шуданашон 21 маротиба гуфтушуниди пайдарҳамии намояндагони Ҳукуматро бо роҳбарияти Иттиҳодияи мухолифин созмон дод ва 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расида, дар 19 ҳуҷҷатҳо бевосита худи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштанд. Раванди музокироти сулҳи тоҷикон бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба поён расид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин мўҳлати кўтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти сулҳу дўстӣ ба ҳам дода, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон намоянд.

Соли 1999 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори парламенти дупалатагӣ роҳандозӣ шуд, ки дар такмилу босифат қабул шудани қонунҳои кишвар нақши муаяйнкунанда ва арзанда дорад.Интихоботи Президент ва вакилони Маҷлиси Олӣ, ҳамкории озод ва мусбати ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоию фарҳангӣ, озодии сухандар кишвар далели равшани ин гуфтаҳост. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, низоми адолати судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд. Бо мақсади кафолати татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ, суди конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он мувофиқ будан ё набудани санадҳои меъёриву ҳуқуқиро бо конститутсия муайян мекунад ва дар фаъолияташ аз ягон мақоми дигар вобаста нест. Фаъолияти вазоратҳои умури дохила, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи конститутсия аз нав сохта, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори муҳофизат намудани тамоми арзии мамлакат, решакан намудани ҷинояткорӣ ва хусусан ҷинояткории муташаккилона бештар фаъолият менамоянд. Соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо назардошти хатари ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фармони Президенти кишвар моҳи марти соли 2000 –ум дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд. Дар тўли солҳои истиқлолият Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ таъсис ёфт. Баҳри мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ намудани адолати судӣ бо ташаббуси сарвари давлат Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Баъд аз эълон намудани истиқлолияти кишвар на танҳо сохти конститутсионӣ барқарор гардид, ҳамчунин харобшавии пурраи иқтисодиёти мамлакат пешгирӣ шуд. Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, соли 1995 дар Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Барои гузарондани иқтисодиёти мамлакат ба муносибатҳои бозоргонӣ зарур буд, ки дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар се самт: озодкунии иқтисодиёт аз сиёсати фармонфармоӣ, тағйироти сохторӣ, дигаргуниҳои институтсионалӣ сурат гирад. Дар рафти татбиқи хусусигардонии моликият шумораи корхонаҳое, ки дар шакли ғайридавлатии моликият асос ёфтаанд, мунтазам меафзуданд ва дар солҳои 1991-2000 82,5 % -и онҳо чун корхонаҳои моликияти хусусӣ ва 16,2 %корхонаҳои моликияти коллективӣ буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 мамлакати дунё робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ дорад. Дар ҷумхурӣ зиёда аз 300 корхона бо ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст. Точикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рў ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттахид самтҳои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои солхои 2007-2015 –ум таҳия намуд. Мақсади асосӣ аз он ҷорӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад.

Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлатӣ дар ҷумҳурӣ истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Чунки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи барқ дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Дар доираи ин ҳадафҳо солхои охир дар кишварамон неругоҳи барқи обии «Помир-1», «Сангтуда -1», «Сангтўда -2» ва зиёда аз 150 неругохи хурди барқи обӣ ба истифода додашуда, сохтмони нерўгохи барки обии «Роғун» идома дорад. Инчунин сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ба масофаи 386 км, ки дар соли 2006 оғоз гардида буд, ба истифода дода шуд, хатти интиколи барки 200 киловолтаи «Лолазор – Хатлон» соли 2008 пурра ба итмом расид. Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бунёди иншооти нави таблиди неруи барқии обӣ имрўз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо мекунад. Лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқӣ -обии Норак дар ду марҳала бо ҷалби шаш миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқии обии Сарбанд ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ ва нерўгоҳи барқии обии «Қайроққум», ки яке аз куҳантарин нерўгоҳ аст ва барои таҷдиди он 600 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Барои бунёди неругоҳи барқии оби «Роғун» дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Ҳамкорӣ дар мавриди пешбурди корҳои ҷустуҷўиву иктишофӣ дар соҳаи газ ва истифодаи захираҳои он бо 15 ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ идома дорад.

Барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумат мебошад. Кушода шудани роҳи мошингарди Кўлоб – Хоруғ – Кулма - Қарокурум, туннели мошингарди Анзоб, се пул дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе – Қўрғонтеппа - Кўлоб ва шоҳроҳи Душанбе – Нуробод –Ҷиргатол - Саритош дар самти раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодии кишвар дастовардҳои муҳим мебошанд. Табқи рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байнамилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи хубро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа арзёбӣ гардидааст.

Асоси пешравии кишвар аз натиҷаҳои бобарори сиёсати иқтисодӣ ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Ба додани мустақилият ба хоҷагиҳои кишоварзӣ тақсими замин ба аҳолӣ, рушди шаклҳои нави заминдорӣ, вазъи хоҷагии қишлоқ кулан беҳтар гардида, масъалаи таъмини аҳолии сарзамин бо зироатҳои кишоварзӣ ҳалли худро пайдо кард.

Баъд аз истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибати байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Муттахид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигарҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон бо беш аз 130 давлати дунё муносибати дипломатӣ барқарор намуд. Дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ, зиёда аз 10 намояндагии Агентиҳо, муассисахою ташкилотҳои системаи СММ фаъолият доранд. Ҳамкории рушдёбанда ва босамари Тоҷикистон бо ниҳодҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байналмилалӣ, пеш аз ҳама ЮНЕСКО натиҷаи дигари муҳим мебошад.

Муколамаи созандаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо ва равобити васеи гуманитарӣ зарурати хоси ин марҳалаи ҳассоси таърихи башар аст. Густариши фаъолияти созмонҳо ва институтҳои байналмилалии ғайридавлатии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ падидаи ошкор ва возеҳи марҳалаи кунунӣ мебошад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифтан ва аз минбари олии он ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Ватани маҳбубамон дастовардест бузург.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи маориф низ пеш рафт ва рушд ёфт. Маҳз истиқлолият барои пешрафт, ислоҳот ва рў овардани маорифи ҷумҳурӣ ба тартибу низоми ҷаҳонии таҳсилот имконияти васеъ фароҳам овард. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология», «Барномаи компютеркунонии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ», «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ», дар мактабҳои олӣ бошад низоми кредитии таҳсилот [НКТ] ва [СХР] – системаи холдиҳӣ – рейтингӣ қабул шудааст, Ҳамаи ин санадҳо ва иқдомҳои давлатӣ ба рушди маориф ва барои беҳтар шудани сифати таълим, таҳсилот, азхудкунии дониш, ҳуввияти миллӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат менамояд.

Бо ғамхории пайвастаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар тўли 30 соли истиқлолият зиёда аз 2000 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Маҳз бо шарофати мустақилияти комили давлатӣ муассисаҳои таълимӣ бо дастгоҳҳои ҷадиди технологӣ [компютеру видеопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ] таъмин карда шуданд. Таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон яке аз дигар дастоварди бузург дар соҳаи маориф ба шумор меравад, ки баҳри арзёбии шаффофу беғаразонаи дониши хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар мусоидат карда истодааст.

30 соли истиқлолияти давлатӣ ба давраи болоравии худшиносии миллии аҳли ҷомеа мубаддал гашт. Таҷлили ҷашнҳои 1100 – солагии давлати Сомониён, ҷашнвораҳои Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, 2700 - солагии эҷоди китоби муқаддаси «Авасто», 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 1310 солагии Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумлаи он иқдомоте мебошанд, ки таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ба сўи ватандўстӣ ва эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанги гузаштаву имрўзи халқ равона намуданд.

Даврони Истиқлолият барои мардуми тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намояд. Истиқлолият барои халқи тоҷик рамзи Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Маҳмудов О.Р. - дотсент, мудирикафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

Ҳошимова Ш.Ф. - дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ