​Дастоварди устодон дар намоиши байналмилалӣ

Ду нафар устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар намоишиIX байналхалқии Биеналии санъати муосир дар соли 2022 иштирок намуда, санъати тасвирии тоҷикро дар арсаи ҷаҳон миёни намояндагони 39 давлатҳои ҷаҳон муаррифӣ карданд.

Инҳо рассомони тоҷик Ҷабборов Абдураҳим ва Абдураҳимӣ Абдураҳмон ҳастанд, кидар тайёр намудани мусаввирон, ороишгарон, муҷассамасозони ҷавон саҳми арзанда гузошта, иштирокчии доимии намоиши корҳои эҷодии рассомони шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки намоиши IX байналхалқии Биеналии санъати муосир 24-28 октябри соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷаборов Абдураҳим, рассом-монументалист, Академики академияи мусаввирии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи рассомони Русия, барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, аълочии фарҳанги Тоҷикистон буда, ӯ дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар вазифаи дотсентикафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ фаъолият дорад. Намоиши асарҳои эҷодии ӯ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар намоишҳои ҳисоботӣ-инфиродӣ, аз ҷумла, соли 1999 бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён, соли 2001 бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арт-Галереяи Сомониёни шаҳри Хуҷанд, соли 2007 дар осорхонаи шаҳри Тоснои вилояти Ленингради Русия, соли 2008 дар театри мазҳакаи ба номи А. Райкини ш. Санкт - Петербург баргузор шудааст.

Абдураҳим Ҷаборов яке аз иштирокчиёни фаъоли намоиши асарҳои эҷодии рассомон буда, соли 2002 дар фестивали “Аржанг” дар шаҳри Душанбе, давоми солҳои 2003, 2005, 2007 дар намоиши байналхалқии асарҳои рассомони муосир - Манеж ш. Санкт- Петербург, соли 2004 дар намоиши байналхалқии рассомон дар мавзўи ”Экология ва ҷаҳон” дар шаҳри Москва иштирок ва сазовори мақоми намоён шудааст.

Гузашта аз ин, дотсент Абдураҳим Ҷаборов дар намоиши асарҳои рассомони байналхалқӣ таҳти унвони «Рассом ва сулҳ» ва «Дурдонаҳои роҳи абрешим» шаҳри Душанбе (соли 2016) иштирок намуда, сазовори сертификати асари беҳтарин гардид.

Абдураҳимӣ Абдураҳмон иштирокчии фаъоли намоишҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва бай-налмилалӣ, аз ҷумла “Намоиши асарҳои рассомони ҷавон” (2003) Хуҷанд, намоиши байналхалқии “Надежда” (2009), “Эҷодиёти озод” (2010) ш. Санк-Петербург, намоиши асарҳои рассомон бахшида ба “Иди Наврӯз” (2014) Хуҷанд, намоишҳои ташкилкардаи Академияи мусаввирони Тоҷикистон дар вилояти Суғд (2016, 2017, 2018) маҳсуб меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки намоишиIX байналхалқии Биеналии санъати муосир шуруъ аз соли 2001 дар ду сол як маротиба дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ