​Дастоварди тозаи донишгоҳ

Таҳқиқоти чанде аз устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба фейкҳои сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ зимни як конфронси вижа дар Амрико муаррифӣ гардид.

Пажӯҳиши мазкур аз тарафи созмони байналхалқии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR) сурат гирифта, дар доираи фаъолияти мактаби расонавии Cabar.asia анҷом дода шуд.

Гуфта мешавад, ки таҳқиқоти мазкур дар чор давлати Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳандозӣ шуда, ин лоиҳаро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор намоядагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амалӣ намудаанд.

Аз ҷумла, дар кори ин пажӯҳиш Дилбар Самадова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, Мафтуна Исмоилова – мутаххасиси пешбари Маркази иттилоот ва таҳлил, магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ – Шамшод Мирзоев, Оминахон Айюбӣ, Умедҷон Узоқов иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба паҳншавии фейкҳо дар аҳди пандемияи коронавирусро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин пажӯҳиш муайян намудани ҷойгоҳи фейкҳо, таъсири онҳо ба ҷомеа ва баррасии сатҳи саводи иттилоотӣ -расонавӣунвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки натиҷаи таҳқиқоти мазкур дар қолаби дастур ва роҳнамо интишор гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ