Дастоварди тоза: Дараҷаҳои илмии 24 нафар устодон тасдиқ шуд

Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи илмии як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасдиқ гардид.

Аз ҷумла, ба Ҷӯраева Сарвиноз - мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дараҷаи илмии доктори илми филологӣ дода шуд.

Ба устодони донишгоҳ - Бобоева Бимарям, мудири шуъбаи донишҷӯёни раёсати донишгоҳ, Ҳомидова Фирӯза, сармутахассиси раёсати таълим,Абдуллоева Заррина, Қаҳҳорова Супарна, Арипова Машҳура - устодони факултети математика, Дадобоева Муслима, устоди факултети биология ва химия, Ғаниева Малика, устоди факултети санъати тасвирӣ ва дизайн, Ҳайдарова Мавзуна, устоди факултети геоэкология ва туризм соҳиби унвони дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ шуданд.

Ба Шоназарова Дилоро, устоди факултети забонҳои хориҷӣ номзади илмҳои филологӣ ва Қурбонова Шоиста, устоди факултети иқтисодӣ дараҷаи илмии номзади илми иқтисодӣ, ба Хоҷаева Азиза, устоди факултети геоэкология ва туризм унвони номзади илмҳои география дода шуд.

Бо фармоиши дигари раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нафар устодон бо дарҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) сазовор шуданд: Усмонова Рухшона, устоди факултети забонҳои хориҷӣ, Ахмедова Манижа, устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогӣ, Қаюмова Муҳайё, устоди факултети иқтисодӣ, Ҳомидова Шамсия, устоди факултети санъат ва Бобоҷонова Зиннатҷон, устоди факултети биология ва химия.

Ҳамзамон, ба ҳафт нафар устодон - Усмонзода Малоҳат, Рабиев Сатторбердӣ, Раҷабова Саодат, Рӯзиева Мавлуда, Бобоева Мӯътабар, Ҷабборова Қурбон ва Мамадалиев Иномҷон дараҷаи илмии дотсент дода шуд.

Раёсат ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, дар идомаи фаъолияти илмӣ барору тавфиқи пайваста таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ