​Дастоварди тоза: 20 мақоми намоён дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Соли нави таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастовардҳои тоза истиқбол мегиранд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин навбат дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 20 мақоми намоёнро соҳиб гардид. Аз ҷумла, дар ин даври озмун 3 ҷойи аввал, 9 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм насиби донишҷӯёни донишгоҳ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи панҷ номина - адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин даври озмун донишҷӯёни панҷ факултетҳои донишгоҳ - филологияи тоҷик (12 ҷой), филологияи рус (4 ҷой), забонҳои хориҷӣ (1 ҷой), забонҳои шарқ (1 ҷой) ва муҳандисӣ-омӯзгорӣ (1 ҷой) ғолиб омаданд.

Хотиррасон менамоем, ки донишгоҳ соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2 ҷои аввал, 2 ҷои дуюм, 2 ҷои сеюм ва 3 ҷои ифтихориро соҳиб гардида буд.

Изҳори умед аст, ки ин навбат донишҷӯёни донишгоҳ дар қиёс ба озмуни гузашта ба дастовардҳои баландтар ноил мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ