​Дастоварди шоиста: 5 мақоми намоён ва 5 ҷойи ифтихорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо ишғоли 5 ҷойи намоён ва 5 ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми аввалро сазовор гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун панҷ мақоми намоёнро як нафар магистранти факултети психология ва таҳсилоти ибтидоӣ, се нафар донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва як нафар донишҷӯи факултети забонҳои шарқ соҳиб шуданд.

Бобоева Нурбибӣ, магистранти курси 2-юми факултети психология ва таҳсилоти ибтидоӣ аз рӯйи номинаи адабиёти ҷаҳон ҷойи якум, Азимова Парвина, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик дар номинаи адабиёти классикӣ мақоми дуюм, Қудратова Садбарг, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик аз рӯи номинаи адабиёти бачагона ҷойи дуюм, Отаев Суҳроб, донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик дар номинаи адабиёти муосир ва Назирзода Насрина, донишҷӯи курси 1-уми факултети забонҳои шарқ дар номинаи эҷоди наср мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати омода намудани ин муҳассилини донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявии озмун устодони соҳибноми донишгоҳ Ҳоҷиев А, Раҷабов Боҳир ва Ғафурзода Дилбар саҳми муассир гузоштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки панҷ мақоми ифтихориро се нафар донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик - Орипова Назокат, Худойбердиев Баҳманёр, Маҳмадраҷабзода Сабрина, як нафар донишҷӯи факултети филологияи рус Тухтарова Назира ва як нафар

донишҷӯи факултети забонҳои шарқ Холматова Дилноза соҳиб шудаанд.

P.s. Ин дастоварди шоистаро аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба муҳассилин ва роҳбарони онҳо - устодони донишгоҳ самимона табрик мегӯем.

Ҷойи ифтихор аст, ки бо маърифату заковати баланд ва хираду дониши сазовори Шумо ҳамакнун донишгоҳи азизи мо дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми аввалро соҳиб гардид.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ