​Дастоварди донишҷӯи донишгоҳ дар озмуни байналмилалӣ

Суруш Раҷабов, донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ, ки ба мавзуи дониши фарҳанг ва таърихи Фаронса бахшида шуда буд, ҷойи аввалро гирифта, барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ роҳхат гирифт. Озмун ба тариқи онлайнӣ гузаронида шуда, дар он шунавандагони 7 марказҳои Алянс Франсэз аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбeкистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Ин озмун аз тарафи Фонди Алянс Франсэз дар Париж ташкил шуда, 3 нафар ғолибони сатҳи байналмиллалӣ барои такмили дониш тобистони оянда ба Фаронса сафар хоҳанд кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ