Дастоварди донишҷӯён дар самти ихтироъкорӣ
Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври ниҳоии озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” доир гардид.
Дар озмун аз Донишгоҳ 10 нафар донишҷӯ иштирок намуд. Кори озмун дар се бахш - ихтироъ ва навоварӣ, модел ва конструксияҳо, маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ ҷамъбаст гардида, Негматов Абдурозиқ донишҷӯи курси дуюми факултети телокоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар бахши маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ ҷойи дуюм ва Назиров Илҳом донишҷӯи курси панҷуми факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар бахши ихтироъ ва навоварӣ ҷойи дуюмро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола озмуни мазкур бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят миёни наврасону ҷавонон гузаронида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил