​Дастоварди донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии адабӣ

Дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба муносибати 225-умин солгарди зодрӯзи классики бузурги рус - Александр Сергеевич Пушкин ва 190-солагии романи назми ӯ «Евгений Онегин» озмуни адабии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Озмун бо мақсади рушду таҳкими робитаҳои байни донишгоҳҳо, тарғиби забон, адабиёт ва фарҳанги рус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оммавӣ гардонидани мероси эҷодӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон ба роҳ монда шуд.

Дар озмун донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон иштирок намуданд.

Озмун аз рӯи се номина доир гардид:

  • Ифоданок хондани порча аз романи «Евгений Онегин»;
  • Ба сахна гузоштани эпизодҳои романи «Евгений Онегин»;
  • Намоиши романс аз рӯи байтхои романи «Евгений Онегин».

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус Мансурова Зебохон аз рӯи номинаи “Ифоданок хондани порча аз романи «Евгений Онегин» мақоми аввалро соҳиб гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯи дигари факултети филологияи рус Кагай Карина барои ширкати фаъолона дар озмун сазовори ифтихорнома гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ