Дасти сахо ба кӯдакони қувваи босираашон суст

Дар партави сиёсати оқилонаву одилона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми интернату парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ кӯдакони ҷисман заъиф ва носолим пурра дар зери ғамхории давлату ҳукумат қарор гирифта, ҳамагон бо таълиму тарбия ва парастории ҳамешагӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин замина дар даҳаи сеюми моҳи мубораки Рамазон таҳти роҳбарии устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ва донишҷӯёни курси якум ва дуюми факултети математикаи донишгоҳ ба дидорбинии Комплекси кӯдакистон - мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо тӯҳфаҳои моддӣ ва маънавии рамазонӣ қалби поку кӯчак ва софу мубаррои 105 кӯдакони маъсумро шоду масрур гардониданд.

Дар ин росто донишҷӯён бо суханҳои самимӣ баромад намуда бо каломи саршор аз лутфу эҳсон ва меҳру муҳаббат қалби поки ин наврасакони озоду хушбахтро шод намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ