Дастгирии иҷтимоӣ: донишҷӯён дар маркази таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода бо донишҷӯён доир гардид. Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола дар таърихи 3 декабр қайд мешавад, роҳандозӣ гардид.
Профессор Аюб Усмонзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат қарор дошта, масоили марбут ба дастгирӣ ва таъмини шароити арзандаи таҳсилу зиндагии онҳо аз ҳадафи асосӣ ва калидии Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати Роҳбари олии давлат дар самти дастгирии донишҷӯён мунтазам ташаббус зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани имконияти мусоиди таҳсил ва ҳаёт барои онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, дар доираи он ба81 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кӯмаки пулӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил