​Дастаи донишгоҳ дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини дзюдо ҷойи аввалро соҳиб шуд

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини дзюдо сазовори ҷойи аввал шуд. Ин навиди хушро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов ба масъулини Маркази иттилоот ва таҳлил расонид.

Бино ба иттилои Хайёмиддин Исмоилов, варзишгарони донишгоҳ бо роҳбарии омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ - Бойматов Шавкат ва Бобоҷонов Анвар аз рӯи намуди гӯштини дзюдо 3 медалли тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварда, ҷойи якумро сазовор гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки инчунин дастаи варзишгарони донишгоҳ дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гӯштини миллӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, бо гирифтани 1 медали тилло ва 1 нуқра сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи варзишгарони донишгоҳ дар Спартакиадаи вилоятӣ бо гирифтани 50 медали тилло, 20 нуқра, 28 биринҷӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд мақоми аввалро соҳиб гардида, ба марҳилаи сеюм - давраи ҷумҳуриявии мусобиқаҳо роҳхат гирифт.

Гуфта мешавад, ки Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, шоҳмот ва бокс давоми моҳи декабр баргузор мегардад, ки дар он дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун дастаи ғолиб вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳанд кард.

Масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати дастгирии мунтазам ва фароҳам овардани шароити мусоиду арзанда барои тамрини варзишгарони донишгоҳ ба ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳори сипос намуда, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бовар мекунонанд, ки минбаъд низ бо дастовардҳои арзанда нуфузи донишгоҳро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд мебардоранд.

P.s. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва варзишгаронеро, ки дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, мақоми аввалро дар даври ниҳоии Спартакида ба донишгоҳ эҳдо намуданд, самимона табрик менамоянд. Барои онҳо дастовардҳои тоза ва пирӯзиҳои навин орузманданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ