​Дарсҳои кушоди санҷишии таҷрибаомӯзон аз фанни забони англисӣ

Муҳассилини бахши 5- уми ихтисоси арабӣ-англисӣ ва форсӣ-англисии факултети забонҳои шарқ аз ихтисоси дуюм, яъне забони англисӣ ҳафтаи панҷум аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҷрибаомӯзии омӯзгориро гузаронида истодаанд. Дар муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Ирфон” таҷрибаомӯзони ихтисоси арабӣ-англисӣ дар асоси нақшаи ҳафтаина силсилаи дарсҳои санҷишӣ ва намунавиро аз фанни забони англисӣ бо истифода аз усулҳои салоҳиятнокии таълим гузаронида истодаанд.

Дар синфи чорум таҷрибаомӯз Бобоева Фархунда дар мавзуи “Меваҷот ва сабзавот”, дар синфи 11 таҷрибаомӯз Эшонова Муҳаббатхон дар мавзуи “Ҷойҳои тамошобоб ва таърихӣ”, дар синфи панҷум таҷрибаомӯз Худойдотова Ширинмоҳ дар мавзуи “Рӯзи кории ман”, дар синфи сеюм таҷрибаомӯз Абулҳаев Абдуллоҷон дар мавзуи “Сару либос” дарси санҷишии намунавиро дар сатҳи баланд гузарониданд.

Таҷрибаомӯзон тибқи нақшаи дарсии яксоата, ки ҳадафҳои таълимӣ, такомули зеҳнӣ ва тарбиявиро инъикос мекарданд, барои инкишофи малакаи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ ва чор рукни муошират тарз ва усулҳои муосири тадрисро самаранок истифода бурданд.

Доннишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ тавонистанд, ки завқу ҳаваси хонандагонро барои омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз лавозимоту айёниятҳои маърифатӣ ва васоити техникии таълим боло бардоранд ва аз нозукиҳои касби омӯзгорӣ бархурдор гарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ