​Дарсҳои кушод замина барои беҳдошти сифати таълим

Имрӯзҳо омӯзиши илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияҳои муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ётааст. Дар ин замина таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи назарияи физика М.Рустамова дарси кушоди намунавӣ ба донишҷӯёни гурӯҳҳои 303 “А, Б”, ихтисоси физика - информатика дар мавзӯи “Муодилаи Шредингер, ҳаракати зарраи озод” гузаронида шуд. Устод дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таъли ва слайдҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзӯъро фаҳмонд.

Гуфта шуд, ки беҳдошти сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб ёфта, дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ