Дарсҳои кушод бозгӯи муваффақияти омӯзгоронанд
Давоми моҳи октябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаидарсҳои кушод доир шуд. Дарси кушод дар формати маҷозӣ низ ба роҳ монда шуда, давоми нимаи дуюми моҳи ҷорӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Элмуродова С.Х. дар мавзуи “Раванди таълим ва тавсифоти он” бо донишҷӯёни курси якуми забони таҳсилаш русӣ ва муаллими калони кафедраи географияи табиӣ Ахмедова Д.В. дар мавзуи “Мамлакати вулқонии Коряг, Камчатка ва Курил” бо донишҷӯёни курси чорум сурат гирифт.
Мувофиқи маълумоти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дар ин давра инчунин дарсҳои кушоди сатҳи донишгоҳии профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ Ҷӯраев Ғ.Ҳ. аз фанни расмкашӣ бо донишҷӯёни курси дуюм, дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он Юсупова Д.М. аз фанни масолеҳшиносӣ бо донишҷӯёни курси якум, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими биология Алимова Х.Б. аз фанни методикаи таълими биология бо донишҷӯёни курси чорум, муаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Бозорова Н.Н. бо донишҷӯёни курси панҷум, муаллими калони кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ Бойматов З. аз фанни тирпарронӣ бо донишҷӯёни курси чорум, муаллими кафедраи анализи математикӣ Баротов Р.Н. аз фанни анализи математикӣ бо донишҷӯёни курси сеюм ва аъзои ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавони донишгоҳ, муаллими кафедраи грамматикаи забони арабӣ Низомова С.И. бо донишҷӯёни курси якум дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати таќвият бахшидан ба фаъолияти касбии омўзгорон, амалї намудани методу усулњои муосири таълим, истифодаи технологияи иттилоотию иртиботї, воситањои айёнї, шаклњои гуногуни муаррифињои фаннї таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, ташкил ва баргузории мунтазами дарсҳои кушоду намунавӣ, иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар ва иштироки омӯзгорони ҷавонба дарсҳои омӯзгорони ботаҷриба дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, машғулиятҳои лексиониву амалӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгор тибқи ҷадвали ягонаи тасдиқшуда ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил