Дарси шунавандагони курси сайёр дар донишгоҳ
Дар пояи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 20 нафар омӯзгорони донишгоҳ дарси шунавандагони курси сайёри ихтисоси равияи гуманитарӣ – филологииДонишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намуданд. Курси мазкур аз аз санаи 11.04.2022 то 27.04.2022 идома кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давраи омӯзиш устодон оид ба усулҳои муосири таълим, истифодаи васеи технологияи навин дар раванди таълим, таҳлилу баррасии дарсҳо бо мисолҳои мушаххас ва роҳҳои рушди тафаккури донишҷӯён маълумоти мукаммал пайдо намуданд.
Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот дар соҳаи маорифи мамлакат, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои маҳсуб ёфта, барои дар амал татбиқ кардани ин ҳадаф зарур аст, ки бо роҳҳои мухталиф дониш ва маҳорати касбии пайваста такмил дода шавад.
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи дарси шунавандагони курси сайёри ихтисоси гамунатарӣ – филологӣ устодони пуртаҷриба аз Донишгоҳи милли Тоҷикистон, профессор М.Муқимов, профессор М.Солеҳов, дотсент М.Музофиршоев ва дотсент С.Расулов ба шунавандагон дарс гуфтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил