​Дарси намунавӣ

Дар доираи озмуни умумидонишгоҳии «Мураббии беҳтарин» мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр дар дарси як қатор омӯзгорон иштирок намуд. Аз ҷумла, номбурда дар дарси намунавии омӯзгори факултети санъати тасвирӣ ва технология Темурова ширкат намуда, аз бастаи маводи дарсии мураббӣ аз наздик шинос шуд.

Пешрафти гуруҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ҷиҳати бартараф намудани камудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид ироа шуданд.

Ҳамзамон, бо донишҷӯён оид ба самти тарбия саволу ҷавоб сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ҷамъбасти солҳои 2019-2021«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳии «Мураббии беҳтарин» эълон шуда, тибқи дастури ректор беҳтаринҳо муайян ва қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ