​Дарси намунавӣ: “Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ”

Дар кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ дарси кушод доир гардид. Дарси мазкур аз фанни “Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ”-и забони форсӣ баргузор шуд.

Дарс бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси форсӣ-англисӣ сурат гирифта, ба мавзуи “Каюмарс нахустин подшоҳ”, ки афсонае аз Шоҳнома мебошад, бахшида шуд.

Дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Оқилова Ҳилола мавзуъро барои донишҷӯён шарҳ дода, дар доираи он аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ васеъ истифода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дарси мазкур дар доираи озмуни “Муаллими сол”-и донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ