​Дарси намунавӣ бо забони чинӣ

Дар факултети забонҳои шарқ барои донишҷӯёни соли чоруми ихтисосӣ хитойӣ-англисӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дарси мазкур аз ҷониби муаллими забони хитойӣ Линг Ҷиен ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарс декани факултаи забонҳои шарқ Эҳсонзода Малоҳатхон ва мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, инчунин як қатор намояндагон аз Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, аз ҷумла директори донишкада Рен Гентян, дотсент Ма Чӣ, муаллим Олимҷон Марупов, ҷонишини директор Эминҷон Азимов, муаллими забони чинӣ аз ДДБҲСТ Завқиддин Рустамзода, Би Вей, Ши Гуаюэ, Беҳзод Абдураҳимов иштирок намуданд.

Дарс пурра бо забони чинӣ ва аз ҷиҳати салоҳиятнокӣ бо методҳои замони муосир доир гардид. Донишҷӯёнбо забони чинӣ саволу ҷавоб намуда, дар дарс фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ