​Дарси намунавӣ аз фанни грамматикаи забони чинӣ

Дар факултети забонҳои шарқ ин навбат дарси намунавӣ аз ҷониби омӯзгори забони чинӣ Қурбонов Самандар баргузор шуд.

Дарси мазкур аз фанни грамматикаи забони чинӣ барои донишҷӯёни соли сеюм ба роҳ монда шуда, дар он намояндагони Институти Конфутсий профессор-методист, муовини директор оид ба таълим Ма Чэ, Ши Гуаюе, Янг Лаоши, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ, дотсент Қосимова Марҳабо иштирок намуданд.

Муаллим дар дарс аз айёниятҳои воситаҳои муосир истифода бурда, усулҳои фаъоли таълимро ба роҳ монд.

Дар фарҷом аз ҷониби намояндаи Институти Конфутсий профессор-методист, муовини директор оид ба таълим Ма Чэ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати дарс маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ