​Дарси кушоди таҷрибаомӯз

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №61 ба номиТоҷинисо Осимоваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди донишҷӯ-таҷрибаомӯз Шаҳлохон Ёрматова аз фанни “Алифбои ниёгон” дар мавзӯи “Модар фаришта аст” гузаронида шуд.

Дар раванди машғулият устодон аз факултети забонҳои шарқ ширкат варзиданд. Дарс дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор гардид. Устод тавонист дар раванди машғулият мазмуну муҳтавои мавзуъро ба хонандагон кушода диҳад.

Дар интиҳо устодон ба таҷрибаомӯз ҷиҳат боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани дарс тавсия ва пешниҳодҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ