​Дарси кушоди тарбиявӣ: “Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа”

Бо ташаббуси омӯзгори калони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Қобилова дарси кушод доир шуд. Дарси мазкур ба мавзуи “Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа” бахшида шуд.

Дар дарс донишҷӯёни гуруҳи 308 “а”-и факултети забонҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарси мазкур декани факултет профессор Абдуллоева Меҳриниссо, мудирони кафедра ва устодон ширкат намуданд.

Аз тарафи донишҷӯён доир ба мафҳуми коррупсия шеър, гуфтор, маърӯзаҳо ироа шуда, тариқи муаррифӣ навори куӯтоҳмуддати тарбиявӣ нишон дода шуд.

Қайд гардид, ки коррупсия яке аз проблемаҳои асосӣ буда, зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ