​Дарси кушоди тарбиявӣ: Эҳтироми муаллим, қадру манзалати омӯзгор, ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва дирӯзу имрӯзи донишгоҳ

Санаи 28-уми октябри соли 2022 бахшида ба 90- солагии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Эҳтироми муаллим, қадру манзалати омӯзгор, ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва дирӯзу имрӯзи донишгоҳ” аз ҷониби омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарипова М. ташкил ва гузаронида шуд.

Дар дарси кушод садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони ҷавони факултет иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур аз хондани Суруди Миллӣ ва суруди донишгоҳ оғоз шуда, сипас аз таърихи донишгоҳ бо расмҳои таърихӣ маърӯза аз ҷониби донишҷӯи гурӯҳи 202 баён карда шуд.

Ҳамзамон, устод бо донишҷӯён як қатор бозиҳои интерактивӣ гузаронид, ки ин усул барои ҷоннок намудани раванди таълим мусоидат намуд.

Инчунин, аз воситаҳои техникии муосир истифода бурда, ба донишҷӯён доир ба эҳтироми муаллим, қадру манзалати омӯзгор ҳарф зад.

Дар интиҳо дарс аз ҷониби устодон таҳлил гардида, хулосаҳои устодону иштироккунандагон ба назар гирифта шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ