​Дарси кушод: Замони ҳозираи мутлақи давомдор

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушод дар мавзуи “Замони ҳозираи мутлақи давомдор-The Present Perfect Cjntinuous Tense” аз тарафи омӯзгор Р. Усмонова бо донишҷӯёни гурӯҳи 211 ташкил ва гузаронида шуд. Дар машғулият муовини декан оид ба корҳои таълим дотсент Манзура Юсупова, омӯзгорони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ иштирок намуданд.

Дарс аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ дар сатҳи касбӣ гузаронида шуда, омӯзгор Р.Усмонова аз таҷриба ва методҳои гуногуни таълим истифода намуда, моҳияти дарсро ба шогирдон фаҳмонд. Ҳамчунин дар раванди дарс устод аз усули нави таълим ва муаррифиҳои ҷолиб истифода намуда, моҳияти мавзуъро фаҳмонид. Дар лаҳзаи ташкилии дарс роҷеъ ба зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан рафта, қисми мустаҳкамкунӣ аз баргаҳо ва машқҳои гуногуни комуникативӣ истифода бурда шуд, ки барои сайқал додани нутқи гуфтугӯии донишҷӯён басо муфид буд.

Умуман дарси омӯзгор аз ҷиҳати методӣ дуруст ба роҳ монда шуда, омӯзгор тавонист лаҳзаҳои дарсро самаранок истифода бурда, шавқи забономӯзии донишҷӯёнро бедор созад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ