​Дарси кушод: Таркиби луғавии забони тоҷикӣ

Бо ташаббуси дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Зоҳид Қўрғонов дар факултети филологияи тоҷик бо донишҷўёни соли дуюми гурўҳҳои 203, 204, 2013 аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷикӣ (қисмати лексикология) дарси лексионӣ дар мавзуи «Таркиби луғавии забони тоҷикӣ» гузаронида шуд. Дар машғулият декани факултет, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева, намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Масъуда Носирҷонова, ноибдекани бахши таълим, дотсент Шӯҳрат Раҳматов ва ҳайати устодони кафедра таҳти роҳбарии мудири кафедра, доктори илмҳои филология Мӯсо Олимҷонов ширкат варзиданд.

Дотсен Зоҳид Қўрғонов бо омодагии хуб ба дарс ворид гардида, моҳият, мазмун ва мундариҷаи мавзуи «Таркиби луғавии забони тоҷикӣ» – ро ба донишҷӯён ошно сохта, афзуд, ки таркиби луғавии забони тоҷикӣ хеле бою ғанӣ мебошад. Ҳамчунин устод дар раванди машғулият доири мавзуи баррасишаванда аёниятҳои фаровон истифода намуда, бо истифода аз нурафшон муаррифиҳои ҷолибро бо таҳлилҳои ҳамаҷониба ва мавқеи истифодаи вожаҳоро дар муошират ва навишт ба донишҷӯён фаҳмонд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгор ҳангоми гузаронидани машғулият аз усулҳои интерактивию комуникативӣ васеъ истифода намуда, методҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширати донишҷӯёнро талаб мекард, ки он самаранок иҷро шуд.

Дарс бо риояи талаботҳо шавқовару пурмазмун ва аз ҷиҳати таълимӣ - методӣ хуб ташкил карда шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ