​Дарси кушод: "Таркиби луғавӣ ва фонди асосии забони тоҷикӣ"

Бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомешиносии факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дарси кушоди намунавии муаллима Юнусова Зебо доир гардид.

Дарс аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик дар гурӯҳи 201, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ дар мавзуи "Таркиби луғавӣ ва фонди асосии забони тоҷикӣ" гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарс саволҳои мантиқии устод донишҷӯёнро ба ҳуҷуми фикрӣ водор сохта, ҷиҳати татбиқи донишҳои назарии онҳо мусоидат намуд. Матни муаррифӣ, маводи иловагӣ, варақа ва методи ҳуҷуми фикрӣ мутобиқ ба талаботи Низомномаи кредитии таҳсилот истифода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ