​Дарси кушод: Таълими ҷумлаҳои чидаазо

Беҳдошти сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба ин дирӯз дарси кушоди сармуаллими кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, Манзура Раҳимова аз фанни курси махсуси методикаи таълими забони тоҷикӣ,дар мавзуи "Таълими ҷумлаҳои чидаазо" дар гурӯҳи 402, ихтисосизабон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Устод дар оғоз перомуни мавзуъ маълумот дода, амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асосии он ошно сохт. Ҳамчунин омӯзгор дар раванди дарс доири мавзуи зикршуда машғулиятҳои амалиӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба таълими ҷумлаҳои чидаазо фаҳмонд.

Пас аз анҷоми дарс таҳлил гузаронида шуда, аз ҷониби устодони факултет қисматҳои дарс хуб арзёбӣ гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки машғулият бо маҳорати баланд ва ба стандарт ҷавобгӯ гузаронида шуда, воситаҳои техникии таълим (тахтаи интерактивӣ, муаррифии омӯзишӣ), овезаҳо, адабиёти илмиву методӣ, усулҳои фаъоли таълим, варақаҳои тестӣ, саволномаҳо, усули муаммогузорӣ ба хубӣ роҳандозӣ ва истифода гардид.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маҳсуб маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ