Дарси кушод: Таҳлилу баррасии ниҳодҳои иҷтимоӣ

Баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Дар иртибот ба ин дирӯз дар факултети филологияи тоҷик бо ташабуси дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Зумрадхон Ҳакимова бо донишҷӯёни курси аввал, гурӯҳҳои 109-110 аз фанни сотсиология дарси кушод гузаронида шуд. Дар машғулият декани факултет, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Мавзуи дарси кушод “Институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ” унвон дошт, ки бо истифодаи аёниятҳо ва муаррифиҳои пурмазмуну ҷолиб дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд. Дар раванди дарс устод дар бораи институтҳои иҷтимоӣ, вазифа ва мақоми онҳо дар ҷамъият мукаммал истода гузашт.

Устод дар раванди машғулият ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро шинос намуда, бо истифода усули нави таълим ва таҷрибаи педагогиаш бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзуъро фаҳмонд.

Дар фарҷоми миёни устод ва донишҷӯён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ