Дарси кушод: Такмили маҳорати забономӯзӣ

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ бо роҳбарии омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Раҷабова С. бо донишҷӯёни гурӯҳи 102 дар мавзӯи “Кишварҳо ва миллатҳо - Countries and nationalities” дарси кушод гузаронида шуд. Қисми ташкилии дарс бо саволу ҷавоби сурат гирифта, ки барои фароҳам овардани муҳити забонӣ муфид буд. Муаллим ба дарс бо омодагии хуб ворид шуда, моҳият мазмун ва мундариҷаи дарсро кушода дод. Дар раванди машғулият аёниятҳои техникии муосир ба мисоли проектор, тахтаи электоронӣ, муаррифиҳо, варақаҳо ва тахтаи синф васеъ истифода шуданд. Донишҷӯён дар дарс хеле фаъол буда, маҳорати забондонии хешро нишон доданд. Машғулият аз ҷиҳати таълимӣ - методӣ хуб ташкил карда шуда, ба мақсади худ расид.

Бояд гуфт, ки омӯзгориҷавони кафедра Раҷабова С. ҳангоми гузарониданидарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуд. Дар дарс бозиҳои таълимӣ, амалиётҳои душахсӣ ва драматизатсия гузаронида шуданд. Машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширатии донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ