​Дарси кушод: Санъати Эҳё

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Салимбой Ҳасанов аз фанни таърихи санъат бо донишҷӯёни курси 4-уми гурӯҳҳои 401а ва 401б дар мавзуи “Санъати Эҳё” бо иштироки декани факултет дотсент Хайриҷон Ҷӯраева ва устодони кафедра баргузор гардид.

Устод дар раванди дар аз усулҳои муосири таълим истифода намуда, тавонист бо муаррифиҳо ва аёниятҳои зарурӣ моҳияти мавзуъро кушода диҳад. Зимнан устод қайд намуд, ки давраи Эҳё дар таърихи маданияти ҷаҳонӣ марҳилаи навро дар бар мегирад. Дар ин давра инкишофи илмҳои дақиқ, аз он ҷумла, табиатшиносӣ, риёзӣ, адабиёт ба дараҷаи баланд расида, китобчопкунӣ ба миён омада, асарҳои шоирону нависандагон дастраси ҳамагон гардиданд.

Ҳамчунин, роҷеъ ба таърихи санъати умумиҷаҳонии рассомӣ, марҳилаҳои инкшофи таърихии он, адабиёти нашршудаи соҳа, ҳайкалтарошӣ, хислату мансубияти онҳо ба халқу миллат, маълумоти муфассал дода шуд. Гуфта шуд, ки фанни мазкур бо фанни таърихи санъати умумиҷаҳонӣ, санъати тасвирӣ ва услуби он, фарҳангшиносӣ, луғатшиносӣ, расмкашӣ, мусаввирӣ ва наққошӣ алоқаманд мебошад.

Дар интиҳои машғулият миёни устод ва донишҷӯён суолу ҷавоби судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ