Дарси кушод – омили пешрафти донишандӯзӣ

Бо ташаббуси кафедраи электроника дар факултети физикаю техника дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз тарафи профессори кафедраи электроника, Ҳакимхуҷа Тошхӯҷаев аз фанни “Системаи микропротсессорҳои замонавӣ”, дар мавзӯи “Микросхемаҳои хотира” бо донишҷӯёни гурӯҳи 306 ихтисоси мошинҳои ҳисоббарор, низомҳо ва шабакаҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷараёни машғулият декани факултет, дотсент Парвиз Пӯлотов, муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва дигар устодон иштирок намуданд.

Дарси кушод бо истифодаи воситањои муосири таълим ҷараён гирифта, омўзгори фаннӣ ва донишҷўён аз тахтаи интерактивӣ васеъ истифода бурда, мисолу масъалаҳоро дар он амалан иҷро намуданд.

Дар интиҳзо миёни устод ва шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки донишҷӯён дар ин миён фаъолияти хуб нишон доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ