​Дарси кушод: “Обсабзҳои сабз дар мисоли хламидомонада ва волвокс”

Бо иштироки донишҷӯёни гуруҳи 204-уми ихтисоси кори биология – химия дарси кушод аз ҷониби дотсенти кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо Мирсабуров Шавкат баргузор гардид.

Дарс бо усули салоҳиятнокӣ ташкил шуда, усулҳои фаъоли таълим бо маҳорати баланди касбӣ истифода гардид. Донишҷӯён дар рафти дарс фаъолона ширкат варзида, доир ба мавзуъ байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Дарс бо истифода аз муаррифинома сурат гирифта, дар доираи он донишҷӯён ба гуруҳҳо ҷудо ва байни ҳам бозиҳои мантиқӣ анҷом доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ