Дарси кушод: Назария ва методикаи инкишофи нутқи кӯдак

Бо ибтикори устоди кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактаби факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Дилором Тоирова аз фанни “Назария ва методикаи инкишофи нутқи кӯдак” дар курси дуюми ихтисоси “Олегофренопедагогика ва таҳсилоти томактабӣ” дарси кушоди ҳисоботии намунавии гузаронида шуд.

Устод дар раванди машғулият бо истифода аз таҷрибаи педагогӣ ва аёниятҳои гуногун тавонист мундариҷаи мавзуъ, ки фарогири инкишофи нутқ ва мавқеи он дар ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ буд, ба донишҷӯён фаҳмонад. Ҳамзамон дар ҷараёни дарс усулҳои гуногуни муосири таълим фаровон истифода шуд. Интихоби усули таълим бо истифодаи айёниятҳои дасти сохт, муаррифии донишҷӯён, видеолавҳаҳои фаъолияти донишҷӯён дар кӯдакистонқисмати фарҳангӣ бадеи ҳамчун лаҳзаи дамгирӣ ва тарзи гузаронидани дарс ба талаботҳои макотиби олӣ ҷавобгӯ маънидод шуд.

Ҳамзамон дар раванди машғулият методҳои интерактивии “Кластери мураккаб”, “Ҳуҷуми фикрӣ”, “Чархиақидаҳо” ва бозии сенсорӣ “Нақли афсона” истифода шуданд, ки муносибати салоҳиятнокӣ ба пуррагӣтатбиқ карда шуд.

Мақсади дарсиамалии имрӯза аз шинос намудани донишҷӯёнбододанимаълумотоид ба инкишофи нутқи кӯдак, инкишофи нутқ ва мавқеи он дар ташаккули кӯдакони синни томактабӣ унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ