​Дарси кушод: “Муодилаҳои функсионалӣ ва диофантӣ”

Дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинов дарси кушод доир гардид. Ин ташаббус дар доираи озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол-2024» аз ҷониби довталаби озмун ассистенти кафедра Мамадҷонова ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси математика аз фанни “Муодилаҳои функсионалӣ ва диофантӣ” баргузор шуд.

Омӯзгор мавзуи “Ҳалли муодилаҳои диофантӣ бо ёрии алгоритми Евклид ва муқоисаҳо” – ро барои донишҷӯён шарҳ дода, аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол-2024» дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ шуда, дар се давр: кафедра, факултет ва донишгоҳ доир мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ