​Дарси кушод: Масъалаҳо дар таълими математика

Дар факултети математика бо иқдоми кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ дарси кушод баргузор гардид. Ин ташаббус аз ҷониби дотсент Абдулакимова ба роҳ монда шуда, ба мавзӯи “Масъалаҳо дар таълими математика” бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод бо ҷалби доришҷӯёни курси сеюми ихтисоси математикаи амалӣ аз фанни методикаи таълими математика ташкил гардид.

Дар доираи дарс аз ҷонибиомӯзгор аёниятҳои муосир истифода гардида, мавзуъ тариқи муаррифинома фаҳмонида шуд.

Донишҷӯён давоми дарс фаъолнокӣ нишон дода, миёни ҳам суоу ҷавоб ва табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ