​Дарси кушод: “Кобалт ва мураккаботи он”

Дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Ҷӯлиева Гулсара дар мавзуи “Кобалт ва мураккаботи он” дарси кушод доир намуд. Дарси кушоди мазкур дар сатҳи донишгоҳ доир гардида, дар он намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, садорат ва устодони факултет иштирок намуданд.

Дар доираи дарс аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ самаранок истифода шуданд. Донишҷӯён ба ду гуруҳ тақсим шуда, давоми дарс фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ