​Дарси кушод: Ҳиссачаҳои инкоркунанда

Тайёр кардани омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот ҳадафи асосии мактабҳои олии педагогӣ ба шумор меравад. Магистрантони имрўза, ки дар оянда аз ин ё он ихтисос омўзгор мешаванд, на танҳо фаъолияти касбии худро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими фанни тахассусиро дар донишгоҳ ҳамаҷониба омўзанд, то ки дар раванди таълиму тарбия дар оянда онро амалӣ гардонида тавонанд. Таҷрибаи омўзгорӣ барои омодагии касбии омўзгорони оянда нақши муҳим мебозад. Дар робита ба ин, дар факултети забонҳои шарқ дар доираи ҳафтаи илм Нишонбой Мадумаров - магистранти соли дуввум бо донишҷӯёни курси саввум дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Ҳиссачаҳои инкоркунанда” баргузор кард. Дар дарс намояндагон аз раёсати донишгоҳ ва устодони факултет ширкат намуданд.

Қисми аввали дарс бо қироати Суруди миллӣ, оғоз гардида, баъдан, устод мавзӯи навро баён намуда, бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим мазмуну мундариҷаи дарсро кушода долд. Дар дарс лавҳаҳаои видеоӣ, слайдҳои ҷолиб вобаста ба мавзӯи дарс фаровн истифода бурда шуданд. Вобаста ба мавзуъ миёни донишҷӯён ва устод мубодилаи акор сурат гирифта, қисматтҳои норӯшани дарс шарҳу тавзеҳ ёфтанд.

Дар раванди дарс донишҷӯён кори гурӯҳи бо истифодаи усули “кластер” доир ба мавзӯ ҷумлаҳо тартиб дода таҳлили грамматикӣ карданд.

Гуфта шуд, ки дарси кушод яке аз намудҳои асосии омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам маҳсуб ёфта, имкон медиҳад, ки кору фаъолияти омӯзгорони беҳтарин муаррифӣ гардад, ҳамзамон омӯзгорони ҷавон аз ҷумла таҷрибаомӯзон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти касбии худ аз маслиҳатҳои саривақтии устодон бархурдор гарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ