​Дарси кушод: Имкониятҳои аниматсионӣ дар муҳити CSS

Беҳдошти сифат аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба ин моҳи декабри соли равон дарси кушод баргузор гардид.

Имрӯзҳои омӯзиши илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияҳои муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа мубаддал гардидааст. Дар ин замина дар кафедраи барномарезӣ таҳти роҳбарии муаллими кафедра Дилафрӯз Исмоилова дар мавзӯи «Имкониятҳои аниматсионӣ дар муҳити CSS» дарси кушоди намунавӣ баргузор гардид. Муаллим дар раванди машғулият ба шогирдон амалан моҳият мавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва слайдҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти дарсро кушода дод.

Дар фарҷом миёни устод ва шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ