Дарси кушод: «Ҳифозати вожаҳои қадим бо тағйири шакл дар гўишҳои тоҷикӣ»

Барои донишҷӯёни гуруҳи 406-уми ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ» дарси кушод доир шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур аз фанни лаҳҷашиносии таърихӣ аз тарафи профессори кафедраи забони тоҷикӣ Абдуҷамол Ҳасанзода гузаронида шуд.

Мавзуи дарси назариявӣ «Ҳифозати вожаҳои қадим бо тағйири шакл дар гўишҳои тоҷикӣ» унвон дошта, машѓулият дар заминаи маводи ҳиссаҳои номӣ ва феъл сурат гирифт.

Дар доираи дарс мавзуъ барои донишҷӯён муфассал шарҳ дода шуда, воситаҳои техникӣ ва усулҳои фаъоли таълим истифода шуд.

Фаъолнокии донишҷӯён ва суолу ҷавоби онҳо перомуни мавзуъ ба мустаҳкамкунии дарс замина гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ