​Дарси кушод дар раванди таҷрибаомӯзӣ

Аз ҷониби донишҷӯи соли сеюми факултети забонҳои хориҷӣ Исмоилова Шаҳноза дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар МТМУ №9 дар мавзӯи “Тоҷикистон кишвари зебои ман” дарси кушод доир гардид.

Дар ҷараёни дарс таҷрибаомӯз аз муаррифии пурмӯҳтаво истифода бурда, ваҷҳнокии хонандагонро ба раванди дарс бедор кард.

Ҳамзамон, бо хонандагон як қатор бозиҳои интерактивӣ гузаронида шуд, ки ин усул барои ҷоннок намудани раванди таълим мусоидат намуд. Инчунин, аз воситаҳои техникии муосир истифода бурда, ба хонандагон доир ба ҷойҳои таърихии кишварамон бо истифода аз муаррифинома маълумот дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ