​Дарси кушод дар мавзуи “Travelling”

Дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ аз тарафи муаллимаи калони кафедра Раҷабова Ситора дарси кушод доир гардид. Дарси мазкур аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ” ба роҳ монда шуда, ба мавзуи Travelling” бахшида шуд.

Дар доираи дарс намоянда аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Омӯзгор мавзуъро бо истифода аз тахтаи электронӣ пурра бо забони англисӣ фаҳмонд.

Баъди фаҳмонидани мавзӯи нав машқҳои мустаҳкамкунӣ гузаронида шуд. Дар ин зина донишҷӯён дар асоси мавзуи нав якчанд машқҳоро иҷро намуданд. Донишҷӯён ба чор гурӯҳ ҷудо шуда, бо истифода аз усулҳои муосири таълим, аз ҷумла усули коммуникативӣ ва интерактивӣ мавзуи навро мустаҳкам намуданд.

Маркази иттилоотва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ