​Дарси кушод дар мавзӯи “Past Indefinite Tense”

Бо иқдоми сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Атаева Ҳафизахон дар факултети таърих ва ҳуқуқ бо донишҷӯёни курси якум дарси кушод гузаронида шуд. Дар дарси кушод мудири кафедраи информатика дотсент Ахмедов Ҳусейнбой, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дотсент Сангинова Шаҳноза ва дигар омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

Мавзӯи дарс замони гузаштаи номуайян- Past Indefinite Tense буд. Мақсад аз ташкили дарси кушод мустаҳкам кардани мавзӯи грамматикӣ, шиносоӣ бо калимаҳои нави дарс ва мустаҳкам кардани онҳо, инкишоф додани нутқи донишҷӯён тавассути матн ва саволу ҷавоб унвон мешавад.

Омӯзгор дар дарс аз маводи таълимӣ аз қабили дастури таълимӣ, силлабус, тахтаи синф, проектор, ноутбук, варақаю расмҳо васеъ истифода бурд.

Дар дарс якчанд намуди усулҳои муосири таълим ба монанди усули интерактивӣ, дарстрасӣ, дидактикӣ ба назар расиданд.

Донишҷӯён фаъолона аз ӯҳдаи хондан ва тарҷумаи матн, саволу ҷавоб бо забони англисӣ, иҷрои машқҳо доири замони гузаштаи номуайян баромаданд. Дар дарс корҳои гурӯҳӣ, фронталӣ ва индувидуалӣ гузаронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ