​Дарси кушод ба муносибати Парчами давлатӣ

Дар доираи силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушод баргузор шуд. Ин ташаббус аз ҷониби омӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ Мӯминова роҳандозӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба дарси кушод донишҷӯёни соли сеюм ҷалб гардиданд.

Дар доираи дарс донишҷӯён доир ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз нақши Парчам дар раванди давлатдорӣ таъкид карданд.

Ҳамзамон, доир ба мавзӯи мавриди назар муаррифинома низ манзур гардид.

Дарси кушод бо садо додани суруд дар мавзӯи Парчами давлатӣ дар иҷрои донишҷӯён ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ