​Дарси кушод аз фанни забони англисӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушоди омӯзгори ҷавони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Убайдуллоева Фарангис баргузор гардид.

Дар дарс донишҷӯёни курси якум иштирок намуда, дар он мудирони кафедра ва як қатор омӯзгорони факултет иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод дар мавзӯи “House” гузаронида шуд. Дар лаҳзаи ташкилӣ саволу ҷавоб барои фароҳам овардани муҳити забонӣ мусоидат намуд.

Аз ҷиҳати муҷаҳҳазгардонӣ дар доираи дарс аёниятҳои техникии муосир истифода шуданд.

Донишҷӯён дар дарс хеле фаъол буда, маҳорати забондонии хешро нишон доданд.

Омӯзгориҷавони кафедра Убайдуллоева Фарангис ҳангоми гузаронидани дарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ