​Дарси кушод аз фанни наққошӣ ва кундалкорӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология аз фанни наққошӣ ва кундалкорӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дарси мазкур аз ҷониби сармуаллими кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Мулоҷонов ташкил гардид.

Хабар дода шуд, ки дарс дар мавзӯи “Давом додани рехтани кундал ба рӯи нақши намоя” доир гардид.

Дар дарси кушод декани факултет, муовинони декан ва омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки яке аз навъҳои қадимаи санъати ороишию амалӣ наққошӣ мебошад. Ҳунари наққошӣ барои инкишоф ёфтани ҳунарҳои меъморӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, гулдўзӣ ва ғайра мусоидат кардааст. Намудҳои асосии наққошӣ инҳо нақшҳои гиреҳӣ, ислимӣ, катиба ва аксҳои ҷонварсимо мебошад.

Гуфта шуд, ки фанни мазкур ҷиҳати ташакулли лаёқати эҷодии донишҷӯён замина гузошта, барои эҷод намудани маснуоти гуногуни наққошӣ ва пайдо кардани маҳорату малакаи баланд мусоидат мекунад.

Донишҷӯён перомуни мавзӯи дарс табодули афкор карданд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин дарсҳои намунавӣ дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ